Дар Хуҷанд конфронси «Тоҷикистон- ҷавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо» доир шуд

Август 17, 2016 11:40

Душанбе, 17.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 16 август дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд конфронси миллии сайёҳӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон- ҷавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.
Роҳҳои ҳалли масъалаҳои сайёҳии минтақаи Суғдро дар ҷараёни кори конфронс масъулини соҳа дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллӣ ва идораҳои дахлдор баррасӣ намуданд.
Дар конфронс роҳбарият ва намояндагони  ширкатҳои туристӣ, осоишгоҳу меҳмонхонаҳо ва муовинони раисони шаҳру навоҳӣ ширкат карданд. Ба таъкиди муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, барои рушди соҳаи туризм ва ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳони дохилу хориҷ дар вилояти Суғд тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Зикр шуд, ки ҳарчанд Тоҷикистон бо имкониятҳои бузурги соҳаи сайёҳӣ миёни туристон маъруф гардидааст, вале  сифати хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ дар иншооти қабулу хизматрсонӣ беҳбудиро тақозо мекунад.

Август 17, 2016 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад