Дар Индонезия нақши Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд матраҳ гардид

Август 16, 2016 14:58

Душанбе, 16.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Нақши Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд»-таҳти чунин унвон раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода дар сеюмин Конгресси Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии Осиё ва институтҳои муодил, инчунин ҷаласаи ҳайати аъзои ин Ассотситсия маърӯза намуда, оид ба фаъолияти густурдаи Суди конститутсионии кишвар дар самти таъмини волоияти Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маълумот пешниҳод намуд.
Ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ аз 8 то 12 августи соли равон дар Ҷумҳурии Индонезия бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Индонезия Джоко Видодо, намояндагони мақомоти назорати конститутсионии беш аз бист кишвари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, инчунин намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Индонезия доир гардид.
Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзодаро судяи Суди конститутсионӣ Даврон Ҳошимзода ва роҳбари дастгоҳи Суди конститутсионӣ Абдумаҷид Гулзода ҳамроҳӣ намуданд.
Дар доираи чорабинӣ мавзӯъҳои марбут ба механизми ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар кишварҳои мухталиф, нақши қарорҳои судҳои конститутсионӣ ва институтҳои муодил дар самти ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрванд, воситаҳои муосири таҳкими ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон, нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсия ва дигар мавзӯъҳои марбут ба таҳкими конститутсионализм бо назардошти таҷрибаи кишварҳои мухталиф матраҳ гардиданд.
Аз натиҷаи кори сеюмин Конгресси Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии Осиё ва институтҳои муодил Деклоратсияи Балӣ қабул гардида, дар он ҷонибдории мақомоти назорати конститутсионии аъзои Ассотсиатсия дар самти таҳким ва истифодаи механизмҳои муосири ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрванд инъикос гардидааст.
Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Индонезия вохӯрии раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода бо раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Индонезия, раиси Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии Осиё ва институтҳои муодил, ҳамчунин раисони судҳои конститутсионии ҷумҳуриҳои Корея, Қазоқистон ва намояндагони судҳои конститутсионии дигар кишварҳои ҷаҳон доир гардида, дар онҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории тарафайн баррасӣ гардиданд.
Зимни сафари корӣ бо мақсади густариши муносибатҳои байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкории тарафайн байни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ин омил боз як заминаи устувори ҳуқуқӣ барои тақвияти муносибатҳои байналмилалии мақомоти назорати конститутсионии кишвар ба шумор меравад.
Ёдовар бояд шуд, ки то ба имрӯз аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судҳои конститутсионии Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Арманистон, Корея, Қирғизистон, Туркия ва Украина созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида, онҳо мавриди татбиқ қарор доранд.

Август 16, 2016 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нав мегарданд
ФИЛМИ ҲУНАРИИ «ВИҶДОН». Дар пасманзари он маконҳои зебои сайёҳиву ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад
Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид