Дар Кӯлоб конфронси «Ҷавонон зодаи Истиқлолият — созандагони боэътимоди Ватан» доир шуд
Кӯлоб, 09.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 25-солагии Истиқлолиятии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷавонон зодаи Истиқлолият — созандагони боэътимоди Ватан» Конфронси илмию амалӣ доир шуд.
Конфронс бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон доир гардида, дар он вобаста ба масъалаҳои нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, дастгириҳои Давлату Ҳукумат нисбати қишри ҷавони ҷомеа ва нақшаҳо дар роҳи созандагии фардои ватан изҳори андеша карда шуд.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд, ТҶҶ «Созандагони Ватан» чунин нишасту вохӯриҳоро бо ҷавонон бахшида ба 25-солагии Истиқлолиятии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон доир хоҳанд кард.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






