Дар намоишгоҳи масолеҳи сохтмонии корхонаҳои ватанӣ ва дастовардҳои соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ 37 ташкилот иштирок доранд

Август 12, 2016 15:44

Душанбе, 12.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.  «Намоишгоҳи корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва  дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Иди касбии сохтмончиён  роҳандозӣ карда шудааст»,- зикр намуд Улуғбек Умаров, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ» имрӯз зимни баргузории Намоишгоҳи масолеҳи сохтмонии корхонаҳои ватанӣ.
Улуғбек Умаров ҳамчунин илова намуд: «Ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳ рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъмории кишвар, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ, фаъолияти меъморӣ, лоиҳакашӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии санъати меъмории ниёгон, мубодилаи таҷрибаи ҷаҳонӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда  мебошад.
Дар  намоишгоҳ зиёда аз 37 ташкилоти лоиҳакашӣ, меъморӣ, шаҳрсозӣ ва истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмонии ватанӣ иштирок доранд.  Намоишгоҳ ду рӯз идома ёфта, иштирокчиёни фаъол бо сипосномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешавад.

Август 12, 2016 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад