Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона дар марзи кишвар ду нафар кочоқчии афғон маҳв карда шуданд

Август 22, 2016 13:44

Душанбе, 22.08.2016. /АМИТ «Ховар/. Хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони ШКДАМ дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии «Сайёд»-и ОС Ҳамадонӣ амалиёти махсуси муштарак гузаронида, дар натиҷа убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби қочоқчиёни афғон ва кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар  аз маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд, дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ қочоқбарони афғон иборат аз 8-9 нафар бо сарҳадбонони тоҷик ва кормандони ШКДАМ ҶТ рӯ ба рӯ шуда, байни онҳо задухӯрди мусаллаҳонаи шадид ба вуқӯъ омад.
Қочоқчиёни афғон ба муқовимати сахти сарҳадбонони тоҷик ва кормандони ШКДАМ тоб оварда натавониста, ба самти Афғонистон фирор намуданд.
Дар натиҷаи задухӯрд як нафар қочоқчӣ захмӣ гардида, аз ҷои ҳодиса як адад яроқи оташфишони АКМ-7,62, 6 адад тирдон бо 180 дона тири қутраш 7,62,  1 адад норинҷаки  РГД-5 мусодира карда шуда, ду ҷасади қочоқчии афғон дарёфт карда шуд.
Муайян карда шуд, ки ҳар ду аъзои гурӯҳи террористии толибон буда, ба яке аз гурӯҳи фаъолони қочоқчии афғон- Турак шомил будаанд.
Ҷасадҳо расман ба намояндагии сарҳадии ҶИА супорида шуданд.
Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Август 22, 2016 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад