Дар нимсолаи аввал мусодираи ҳашиш ва бангдона афзоиш ёфтааст
Душанбе, 05.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дар нимсолаи аввали соли 2016 мусодираи маводи нашъаовари навъи ҳашиш ва бангдона афзоиш ёфта, дар таносуб ба ҳамин давраи соли гузашта, ҳашиш 97 кг 406 гр (2015- 173 кг 004 гр) ва бангдона 1 кг 848 гр (2015- 6 кг 249 гр) зиёд мебошад»,-иброз намуд Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба маълумоти роҳбари агентӣ, дар ин давра ду ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари навъи синтетикӣ ва моддаҳои психотропӣ ошкор ва аз муомилоти ғайриқонунӣ 180 дона ҳабби синтетикии навъи «экстазӣ» (МДМА) ва «амфетамин» мусодира гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 159 адад зиёд мебошад.
Ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовар, дар шашмоҳҳаи аввали соли 2016-ум 61 ҷиноят бо моддаи 289 КҶ ҶТ (қочоқ) ба қайд гирифта шудааст, (соли 2015- 75) ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 ҷиноят камтар мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






