Дар ноҳияи Бохтар шуъбачаи милитсия ба истифода дода шуд
Душанбе, 15.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Бохтар бинои нави шуъбачаи милитсия ифтитоҳ шуд. Дар маросими кушодашавии шуъбача вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, роҳбарият ва ҳайати шахсии ШВКД дар ноҳияи Бохтар иштирок доштанд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, бинои хушсохти шуъбачаи милитсия бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, бо тамоми шароити корӣ ва хизматӣ таъмин карда шудааст. Утоқҳои корӣ бо мизу курсӣ, компютер ва дигар воситаҳои техникию алоқа муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсӣ вохӯрӣ намуда, бо фаъолияти хизматӣ ва шароити онҳо аз наздик шинос шуд. Зикр гардид, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон бояд ҳамеша омода ва бо мардум робитаи зич дошта бошанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






