Дар ноҳияи Рӯдакӣ аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша дастгир шуданд
Душанбе, 15.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шаби 11 ба 12 августи соли равон тахминан соати 04:00 дар қаҳвахонаи «Бедуин», воқеъ дар кӯчаи Сомонии ноҳияи Рӯдакӣ шахсони номаълум бо истифода аз таппончаи газии тамғаи «Макаров» ва чӯбдаст ба марди 30-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва рафиқонаш- сокинони ҳамин ноҳия ҳамла намуда, ду маротиба бо таппончаи мазкур ба сари рафиқаш, марди 40-сола заданд. Онҳо ду нафар ҷавонони 18 ва 27-соларо ба ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бурда, бе ягон асос мавриди лату кӯб қарор доданд. Сипас ин гурӯҳи ҷиноятпеша аз онҳо маблағи 120 сомонӣ, мошини шахсии тамғаи «Ваз-2105»-ро зӯран гирифта, 4 ҳазор сомонии дигар талаб намуданд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур шаш нафар ҷавонони аз 20 то 29-сола- сокинони ноҳияи Рӯдакиро дастгир намуданд.
Далелҳои шайъӣ- як адад калтакчӯб ва як адад таппончаи травматикӣ мусодира карда шуданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






