Дар ноҳияи Восеъ аввалин дармонгоҳи хусусӣ мавриди истифода қарор гирифт
Душанбе, 05.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи ба номи Ҳасан Қурбонови ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ дармонгоҳи хусусии табобатӣ расман ба фаъолият оғоз намуд.
Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, дармонгоҳ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ аз ҷониби духтур Абдусалом Ҷумаев сохта, ба истифода дода шуд.
Дар дармонгоҳ барои табобати беморон ҳамаи шароитҳо мавҷуд мебошад. Толори бақайдгирии беморон, ҳуҷраҳои доругузаронӣ, дорутайёркунӣ, ташхисӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин мебошанд. Барои бемороне, ки бистарӣ мегарданд, ҳуҷраи алоҳидаи ҷои хоб муҳайё карда шудааст. 5 нафар духтурон- ду нафар дорои маълумоти олӣ ва се нафар бо маълумоти миёнаи тиббӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар дармонгоҳи хусусӣ ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон , иштирокчиёни садамаи атомии Чернобил ва фарзандони онҳо, шахсони яккаву танҳо, камбизоат ва маъюбони гурӯҳи аввал тариқи ройгон табобат ва хизматрасонӣ пешниҳод карда мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






