Дар ноҳияи Восеъ аввалин дармонгоҳи хусусӣ мавриди истифода қарор гирифт

Август 5, 2016 13:40

Душанбе, 05.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Дар деҳаи ба номи Ҳасан Қурбонови ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ дармонгоҳи хусусии табобатӣ расман ба фаъолият оғоз намуд.
Тавре ки аз шуъбаи  иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси  вилояти Хатлон хабар доданд, дармонгоҳ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ аз ҷониби духтур Абдусалом Ҷумаев сохта, ба истифода дода шуд.
Дар дармонгоҳ барои табобати беморон ҳамаи шароитҳо мавҷуд мебошад. Толори бақайдгирии беморон, ҳуҷраҳои доругузаронӣ,  дорутайёркунӣ, ташхисӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин мебошанд. Барои бемороне, ки бистарӣ мегарданд, ҳуҷраи алоҳидаи ҷои хоб муҳайё карда шудааст. 5 нафар духтурон- ду нафар дорои маълумоти олӣ ва се нафар бо  маълумоти миёнаи тиббӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар дармонгоҳи хусусӣ ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон , иштирокчиёни садамаи атомии Чернобил ва фарзандони онҳо, шахсони яккаву танҳо, камбизоат ва маъюбони гурӯҳи аввал тариқи ройгон табобат ва хизматрасонӣ пешниҳод карда мешаванд.

Август 5, 2016 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад