Дар Нуробод оилаи Абдуфаттоҳ Табаров беҳтарин дониста шуд
Нуробод, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавӣ дар ноҳияи Нуробод ҷамъбаст гардид, ки дар натиҷа оилаи Абдуфаттоҳ Табаров, истиқоматкунандаи деҳаи Яхчи ҷамоати деҳоти Иззатулло Ҳалимов беҳтарин дониста шуд.
Абдуфатоҳ Табаров оиладор, соҳиби 8 фарзанди оиладору донишҷӯ ва 4 набера мебошад. Фарзандонаш маълумоти олӣ дошта, дар касбҳои гуногун фаъолият доранд. Абдуфаттоҳ Табаров муддати 30 сол дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, айни замон дар Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт омӯзгорӣ мекунад. Писаронаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар фаъолият доранд. Фариштамоҳ Кенҷаева, завҷаи Абдуфаттоҳ Табаров иброз медорад, ки муддати 33 сол аст зиндагии хушбахтонаи якҷоя доранд ва хушбахтии зиндагиро дар меҳру садоқат, якдигарфаҳмии байни зану шавҳар, тавлиди фарзандони солим ва ҳурмату иззати байни аъзои хонавода медонад.
Фариштамоҳ Кенҷаева муддати 33 сол мешавад, ки дар Беморхонаи минтақавии И.Ҳалимов ҳамчун момодоя ба хизмати модарон машғул аст. Ин модар хурсанд аз он аст, ки духтаронаш Дилором Табарова ва Ганҷина Табарова касби модарро интихоб намуда, имрӯзҳо дар беморхонаҳои ноҳия ба хизмати мардум машғул мебошанд. Дилором Табарова изҳор дошт, ки муваффақияти ҳар як оила дар тарбияи дурусти фарзандон, маълумотнокии онҳо, иҷрои корҳои хайру савоб, худшиносию ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва ободонию тозакорӣ таҷассум мегардад.
Дар натиҷаи тарбияи дурусти фарзандон ва соҳиби касби дуруст гардидани онҳо дар замони Истиқлолияти давлатӣ фарзанди Абдуфатоҳ Табаров- Ҳақдод Табаров аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Ҷасорат» сарфароз гардонида шуд.
Раиси ҷамоати деҳоти Иззатулло Ҳалимов Ҳабибулло Ғазоев иброз медорад, ки ҷамоати мазкур дорои 1061 хоҷагӣ мебошад. Дар давраи аввали «Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, ҷамоат, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ» оилаҳои ҳудуди ҷамоат пурра иштирок намуданд. Мутобиқи шартҳои ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оилаи Абдуфаттоҳ Табаров сазовори ҷойи аввал дониста шуд ва ба даври ноҳиявӣ пешниҳод гардид. Хушбахтона, дар даври ноҳиявӣ ғолиби ҷойи аввал гардида, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаи раиси ноҳия қадрдонӣ шуд.
Дар «Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, ҷамоат, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ» ғолиб омадани оилаи Абдуфаттоҳ Табаров аз маърифатнокӣ, ҳамаи фарзандону келинҳоро соҳиби маълумоти олӣ намудану дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудани аъзои оила, маданияти баланди оиладорӣ, дастгирии оилаҳои ниёзманд, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ва чорабиниҳои сиёсӣ мебошад.








Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






