Дар Рашт сохтмони 44 хонаи истиқоматӣ ва ду таълимгоҳи зарардида бо маром идома дорад

Август 29, 2016 11:53

Рашт, 29.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо сохтмони 44 хонаи бар асари заминларза пурра ва қисман хароб гаштаи деҳаҳои Ҳазорчашма ва атрофи он дар ноҳияи Рашт босуръат идома дорад.
Заминларзае, ки рӯзи якуми июли соли равон дар ноҳияи Рашт рух дод, ба 44 хонаи истиқоматӣ ва ду таълимгоҳи ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ҳиҷбораку Аскалон зарари ҷиддӣ расонд, ки бо дастури Пешвои миллат субҳи ҳамон рӯз ҳайати комиссияи ҳукуматӣ бо роҳбарии муовини сарвазири ҷумҳурӣ Маҳмадтоир Зокирзода ба деҳаҳои зарардида омада, ҳисороти расидаро таҳлилу дақиқ карда, мардумро умедвор намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон онҳоро танҳо намегузорад.
Баъди даҳ рӯзи рух додани ҳодиса мардуми зарардида бо масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла тахтаю тунука ва семент таъмин гардиданд. Бо дастгирии Ҳукумати ноҳияи Рашт барои зарардидагон қуму рег дастрас карда шуд. Алҳол сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ ва таълимгоҳҳои деҳаҳои Ҳазорчашма ва Моҳи хоса бо маром идома дорад.

 

Август 29, 2016 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе