Дар Рио-2016 паҳлавони кубагӣ чемпиони секаратаи олимпӣ гардид
Душанбе, 16.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия варзишгари кубагӣ Михаин Лопес Нунес чемпиони секаратаи олимпӣ оид ба гӯштини юнониву румӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд. Ӯ рӯзи 15 август дар мусобиқот дар вазни то 130 кг медали тилло ба даст овард. Нунес дар қувваозмоии ниҳоӣ бар гӯштингири Туркия Ризо Кайялп пирӯз шуд. Медалҳои биринҷиро варзишгарони русиягӣ Сергей Семёнов ва озарбойҷонӣ Сабоҳ Шариатӣ аз они худ карданд. Аз ин пеш Лопес Нунес чемпиони Бозиҳои олимпии соли 2008-ум дар Пекин ва соли 2012-ум дар Лондон гардида буд. Варзишгари кубагӣ аз рӯи шумораи медалҳои тиллои олимпӣ дар намуди гӯштини юнониву румӣ ба паҳлавони машҳури русиягӣ Александр Карелин баробар шуд. Баъди натиҷагирии рӯзи даҳуми мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар ҳисоби умумидаставӣ мисли пешин дар садри феҳрасти кишварҳои ҷоизадори олимпӣ дастаи мунтахаби ИМА бо 74 медал (26 медали тилло, 23 медали нуқра ва 25 медали биринҷӣ) қарор дорад. Британияи Кабир бо 41 медал (16 медали тилло, 17 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм аст. Чин бо 46 медал (15 медали тилло, 14 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ) ба ҷои сеюм фаромад.
Ба даҳгонаи беҳтарин инчунин Русия (11-12-12), Италия (8-9-6), Олмон (8-6-6), Фаронса (7-8-8), Ҷопон (7-4-16), Австралия (6-7-9) ва Кореяи Ҷанубӣ (6-3-5) дохиланд. Умуман, то ҳоло варзишгарони 72 кишвар медалҳои олимпии Рио-2016-ро ба даст овардаанд. Варзишгарони 49 кишвар барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шудаанд. Аз миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия, боз даҳ кишвар — Қазоқистон (2 медали тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ, ҷойи 15-ум), Узбекистон (2 медали тилло ва 4 медали биринҷӣ, ҷойи 25-ум), Беларус (1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 2 медали бириҷӣ, ҷои 24-ум), Украина (4 медали нуқра ва як биринҷӣ, ҷойи 49-ум), Озарбойҷон (2 медали нуқра ва як биринҷӣ, ҷойи 50-ум), Литва (1 медали нуқра ва 2 биринҷӣ, ҷойи 53-юм), Гурҷистон (1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ, ҷойи 54-ум), Арманистон (1 медали нуқра, ҷойи 56-ум), Қирғизистон (1 медали биринҷӣ, ҷойи 67-ум) ва Эстония (1 медали биринҷӣ, ҷойи 67-ум) ба гирифтани медалҳои олимпии Рио мушарраф гаштаанд. Вале аз миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ дар Олимпиадаи Рио то ҳоло варзишгарони чор кишвар — Латвия, Молдова, Тоҷикистон ва Туркманистон медал ба даст наовардаанд. Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то 21 август идома мекунанд.
Бояд зикр кард, ки аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, шаш нафар- Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (дзюдо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (дзюдо, вазни беш аз 100 кг) ва Кристина Пронженко(давидан ба масофаи 200 метр) ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Ёдовар мешавем, ки сабқати интихобии гурзандозӣ рӯзи 17 август баргузор мешавад. Дувоздаҳ нафар беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ, ки рӯзи 19 август доир хоҳад шуд, роҳ меёбанд ва барои медалҳои олимпӣ мубориза мебаранд.








ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд






