Дар садамаҳои нақлиётӣ се кас ба ҳалокат расиданд
Душанбе, 15.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 12 августи соли равон тахминан соати 20:40 ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», марди 28-солаи сокини ноҳияи Файзобод ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Роғун ба самти шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори роҳ баромад ва мошинашро чаппа кардааст.
Дар натиҷа мусофири мошини мазкур, марди 41-солаи сокини ноҳияи Файзобод бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расид.
Ҳамчунин дар ин рӯз ронандаи мотороллери тамғаи «Муравей», марди 39-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Қурғонтеппа-Сарбанд дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар аз уҳдаи идораи мотороллер набаромада, ба канори рости роҳ баромад ва ба дарахт бархӯрд.
Бо рух додани чунин ҳодиса ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.
14 августи соли равон тахминан соати 11:30 ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», марди 27-солаи сокини ноҳияи Данғара ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Қурғонтеппа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, духтарчаи 7-солаи сокини ноҳияи Данғараро пахш намудааст. Мутаассифона, дар ин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






