Дар садамаҳои нақлиётӣ се кас ба ҳалокат расиданд

Август 15, 2016 16:52

Душанбе, 15.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 12 августи соли равон  тахминан соати 20:40 ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», марди 28-солаи сокини ноҳияи Файзобод ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Роғун ба самти шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори роҳ баромад ва мошинашро чаппа кардааст.
Дар натиҷа мусофири мошини мазкур, марди 41-солаи сокини ноҳияи Файзобод бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расид.
Ҳамчунин дар ин рӯз ронандаи мотороллери тамғаи «Муравей», марди 39-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Қурғонтеппа-Сарбанд дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар аз уҳдаи идораи мотороллер набаромада, ба канори  рости роҳ баромад ва ба дарахт бархӯрд.
Бо рух додани чунин ҳодиса ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.
14 августи соли равон тахминан соати 11:30 ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», марди 27-солаи сокини ноҳияи Данғара ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Қурғонтеппа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, духтарчаи 7-солаи сокини ноҳияи Данғараро пахш намудааст. Мутаассифона, дар ин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд.

Август 15, 2016 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад