Дар шаҳри Кӯлоб ба ниёзмандон кумак расониданд
Кӯлоб, 22.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии бепарасторони шаҳри Кӯлоб, ки роҳбарии онро Мирзо Шоев ба уҳда дорад, дар арафаи соли нави хониш ба дастпарварони мактаб-интернати шаҳр 10 ҷуфт либоси мактабӣ туҳфа гардид.
Ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ҷамъияти мазкур ҳамчунин ба табақаҳои ниёзманди шаҳр 2 тонна орд, 1 тонна пиёз, 1 тонна картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ кумаки моддӣ расонид.
Ҳамасола Ташкилоти ҷамъиятии бепарасторони шаҳр ба табақаҳои ниёзманд, бесаробон, бепарасторон ва маъюбон кумаки амалии худро мерасонад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






