Дар шаҳри Кӯлоб Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил гардид
Кӯлоб, 18.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 18-уми август ҳамчун зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино ва Рӯзи касбии табибон ҷашн гирифта мешавад. Дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба ин сана раиси шаҳр табибони шаҳру ноҳияро табрик гуфта, зикр намуд, ки хизмати шабонарӯзии табибон дар самти ҳифзи саломатии мардум шоёни таҳсин аст. Ҳамчунин илова гардид, ки давоми солҳои охир кормандони соҳаи тандурустӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаанд.
Тавре Шамсиддин Сироҷиддин, ҳамоҳангсози соҳаи тандурустии шаҳру деҳоти Кӯлоб иттилоъ дод, барои хизматҳои шоиста як гурӯҳ кормандони соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияи Кӯлоб бо нишони «Аълочии тандурустии ҶТ», ифтихорнома ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва инчунин туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар идомаи чорабиниӣ кормандони шуъбаи фарҳанг ва ҳунармандони Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода бо барномаи мукаммали консертӣ хотири ҳозиронро болида гардониданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






