Дар шаҳри Кӯлоб Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил гардид

Август 18, 2016 17:22

Кӯлоб, 18.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷумҳурӣ  18-уми август ҳамчун зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино ва  Рӯзи касбии табибон ҷашн гирифта мешавад. Дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба ин сана раиси шаҳр  табибони шаҳру ноҳияро табрик гуфта, зикр намуд, ки хизмати шабонарӯзии табибон дар самти ҳифзи саломатии мардум шоёни таҳсин аст. Ҳамчунин илова гардид, ки давоми солҳои охир кормандони соҳаи тандурустӣ ба пешравиҳои назаррас  ноил гардидаанд.
Тавре  Шамсиддин Сироҷиддин, ҳамоҳангсози соҳаи тандурустии шаҳру деҳоти Кӯлоб  иттилоъ дод, барои хизматҳои шоиста як гурӯҳ  кормандони соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияи Кӯлоб бо нишони «Аълочии тандурустии ҶТ», ифтихорнома ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва инчунин туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар идомаи чорабиниӣ кормандони шуъбаи фарҳанг ва ҳунармандони Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода бо барномаи мукаммали консертӣ хотири ҳозиронро болида гардониданд.

Август 18, 2016 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад