Дар соҳилҳои Урдун ихроҷи беш аз 200 тонна нафт ба амал омад

Август 24, 2016 12:09

Душанбе, 24.08.2016 / АМИТ «Ховар» /. Дар халиҷи Акабеи Урдун рӯзи сешанбе ихроҷи беш аз 200 тонна нафт рух дод. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба рӯзномаи «Haaretz» иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, нафти мутаҳаррик ба ҷануб метавонад ба соҳилҳои Урдун ва Арабистони Саудӣ бирасад. Илова бар ин, обсангҳои марҷонӣ ва шаҳри осоишгоҳии Эйлати Исроилро низ хатари ифлосшавӣ таҳдид менамояд.
Тибқи иттилои мақомоти Исроил, сабаби ин ҳодиса ҳанӯз маълум нашудааст, вале хуруҷи нафт имкон дорад дар натиҷаи таркидани қубур ба амал омада бошад. Дар айни замон,  ихроҷи нафт қатъ гардида, оқибатҳои онро бартараф менамоянд.

Август 24, 2016 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад