Дар Сочи рӯзномаҳои ҷаласаҳои дарпешистодаи сарони давлатҳои аъзои СААД ва ИДМ баррасӣ гардиданд
Душанбе, 11.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 10 август муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод дар мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Сочи иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот рӯзномаҳои ҷаласаҳои дарпешистодаи сарони давлатҳои аъзои СААД ва ИДМ баррасӣ гардида, роҷеъ ба мавзӯъҳои амнияти минтақавӣ ва дигар масоили ҳамкорӣ дар ҳошияи Иттиҳод табодули афкор сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи ин мулоқот вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус доир гардид, ки дар рафти он Нақшаи машваратҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус барои ду соли минбаъда ба имзо расид.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






