Дар Суғд Озмуни вилоятии «Адрасбофи беҳтарин» баргузор мегардад

Август 2, 2016 14:34

Душанбе, 02.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-4 августи соли равон дар маркази вилояти Суғд бо мақсади тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адрас, дарёфти беҳтарин ҳунармандони ҳунарҳои дастии адрасбофӣ, бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарон Озмуни вилоятии «Адрасбофи беҳтарин» баргузор мегардад.
Дар озмун 40 нафар бонувоне, ки дар давраҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ  ғолиб шудаанд, аз рӯи шартҳои бофандаи моҳир, сифати беҳтарини адраси дастӣ, нақши беҳтарин, ҳалли тобиш ва обуранги адраси дастӣ ва  адрасбофи  беҳтарин қувваозмоӣ мекунанд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ғолибони озмун бо мукофоти пулӣ ба маблағи аз 1000 то 5 000 сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Август 2, 2016 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад