«Дар талоши нур»: оид ба сиёсати муваффақонаи энергетикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Август 8, 2016 11:09

Душанбе, 08.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи  /ШСХК/ «Барқи Тоҷик» китоберо таҳти унвони «Дар талоши нур» нашр намуд.
Китоби  «Дар талоши нур»  дастовардҳои  энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, хусусан сиёсати муваффақонаи энергетикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бар мегирад.
Китоб бо пешниҳоди раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Мирзо Исмоилзода чоп гардида,  Нозир Ёдгорӣ-сардори бахши матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» мураттиби он аст.
Дар китоби «Дар талоши нур» сафарҳои Пешвои миллат Эмомалӣ  Раҳмон ба майдончаҳои сохтмонии неругоҳҳои барқи обии /НБО/ сохташуда, назири НБО «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», Маркази  барқу гармидиҳии «Душанбе-2»  ва боздиду шиносоии Президенти кишвар  аз ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар НБО «Роғун»  бо аксҳо тавзеҳ ёфтааст.
Инчунин дар китоб феҳристи  нишондиҳандаҳои  асосии  рушди соҳаи  энергетикаи кишвар  дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудааст.
Китоб барои  таҳлилгарон ва мутахассисони соҳаи энергетика дастурамали муфид буда, дастовезест ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии ШСХК «Барқи Тоҷик».

Август 8, 2016 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад