«Дар талоши нур»: оид ба сиёсати муваффақонаи энергетикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 08.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи /ШСХК/ «Барқи Тоҷик» китоберо таҳти унвони «Дар талоши нур» нашр намуд.
Китоби «Дар талоши нур» дастовардҳои энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан сиёсати муваффақонаи энергетикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бар мегирад.
Китоб бо пешниҳоди раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Мирзо Исмоилзода чоп гардида, Нозир Ёдгорӣ-сардори бахши матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» мураттиби он аст.
Дар китоби «Дар талоши нур» сафарҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба майдончаҳои сохтмонии неругоҳҳои барқи обии /НБО/ сохташуда, назири НБО «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ва боздиду шиносоии Президенти кишвар аз ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар НБО «Роғун» бо аксҳо тавзеҳ ёфтааст.
Инчунин дар китоб феҳристи нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаи энергетикаи кишвар дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудааст.
Китоб барои таҳлилгарон ва мутахассисони соҳаи энергетика дастурамали муфид буда, дастовезест ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии ШСХК «Барқи Тоҷик».








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






