Дар Тоҷикистон бори нахуст Кинофестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳ- «НАВСОЗ» баргузор мегардад

Август 17, 2016 15:50

Душанбе, 17.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар шаҳри Душанбе Кинофестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳ бо номи «НАВСОЗ» гузаронида мешавад.
Тавре ки Муҳибназар Холназаров, директори Ташкилоти ҷамъиятии «НАВСОЗ» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, кинофестивали мазкур аз 16-ум то 20 сентябри соли равон   баргузор хоҳад гашт.
Инчунин  М. Холназаров зикр намуд, ки ба 1-умин Кинофестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳ «НАВСОЗ» зиёда аз 60 филм пешниҳод шуд, вале аз ин шумора танҳо 27 филм иштирокчии  он гардиданд.
М. Холназаров  ҳамчунин зикр намуд, ки дар Кинофестивал намояндаҳо аз  Афғонистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Эрон ва Русия иштирок  намуда,  филмҳои худро пешкаш менамоянд.

Август 17, 2016 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе