Дар Тоҷикистон Кодекси тандурустӣ қабул карда мешавад

Август 16, 2016 11:47

       Душанбе, 16. 08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон   бори нахуст Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Дар  робита ба ин,  имрӯз дар ҷаласаи нахустини  Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки баъди таътили тобистонаи вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Таҳия ва баррасии Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Парлумони кишвар дар ҳолест, ки 18 август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбии кормандони соҳаи тиб, ки ба зодрӯзи  мутафаккири бузург  ва олими барҷастаи соҳаи тиб Абӯалӣ ибни Сино рост меояд, таҷлил мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки Кодекс қонуни ягона ва мураттабгаштаест, ки тавассути он соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ пурра, бевосита ва бонизом танзим карда мешавад.

Август 16, 2016 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад