Дар Тоҷикистон Маркази омӯзишӣ ва бозомўзии наҷотдиҳандагон таъсис дода мешавад
Душанбе, 15.08.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон Маркази омӯзишӣ ва бозомўзии наҷотдиҳандагон таъсис дода мешавад. Ин масъала зимни вохӯрии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо ҳайати Маркази Шоҳ Салмон оид ба фаъолияти башардӯстонаи Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии Аҳмад Албазм муҳокима гардид.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкорӣ дар соҳаи коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва фалокатҳои техногенӣ, аз ҷумла, масъалаҳои омўзиш ва бозомўзии наҷотдиҳандагон, ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, инчунин роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва аҳолӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ баррасӣ гардиданд.
Бо мақсади шиносоӣ раиси кумита ва ҳайати меҳмонон аз Маркази таълимии оянда дидан карданд.
Пас аз анҷоми мулоқот, Маркази Шоҳ Салмон оид ба фаъолияти башардӯстонаи Арабистони Саудӣ ҷиҳати расонидани кумаки молиявӣ дар барқарор намудани Маркази таълимии кумита қарор қабул намуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






