Дар ҷумҳурӣ давоми ду рӯз ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад

Август 16, 2016 08:56

Душанбе, 16.08.16. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз ва  пагоҳ дар  баъзе ноҳияҳои  Тоҷикистон эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқро пешгӯӣ менамоянд.
Тавре  ба АМИТ «Ховар» аз агентии  мазкур хабар доданд,16 — 17 август дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ҳавои софи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво рӯзона то ба 39 дараҷа хоҳад расид.
Дар вилояти Суғд эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмудат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво рӯзона ба 38 дараҷа хоҳад расид.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 16-21, рӯзона 27-31; дар шарқи вилоят шабона 6-11,  рӯзона 16-21 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Дар Душанбе низ  ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат  дар назар аст. Ҳаво  шабона 17-19, рӯзона 33- 38 дараҷа гарм мешавад.

Август 16, 2016 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст