Дар ҷумҳурӣ давоми ду рӯз ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Душанбе, 16.08.16. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз ва пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқро пешгӯӣ менамоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз агентии мазкур хабар доданд,16 — 17 август дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ҳавои софи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво рӯзона то ба 39 дараҷа хоҳад расид.
Дар вилояти Суғд эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмудат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво рӯзона ба 38 дараҷа хоҳад расид.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 16-21, рӯзона 27-31; дар шарқи вилоят шабона 6-11, рӯзона 16-21 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Дар Душанбе низ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво шабона 17-19, рӯзона 33- 38 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






