Дар ҷумҳурӣ мутахассисони силшинос намерасанд
Душанбе, 17.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳар сол дар донишкадаи баъдаздимломӣ аз 15 то 30 нафар мутахассиси соҳаи сил тайёр карда мешаванд. Дар панҷ сол- аз соли 2010 то 2015 90 нафар мутахассис тайёр карда шуд, ки имрӯз 30 нафари онҳо аз ҷумҳурӣ берун фаъолият мебаранд», — гуфт Қурбонгул Зокирова, сармутахассиси силшиноси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бемории сил.
Қурбонгул Зокирова ҳамчунин илова намуд, ки агарчи ҳамасола 28- 30 нафар мутахассисони силшинос тайёр карда мешаванд, вале боз ҷумҳурӣ аз норасоии мутахассисон дар ин самт азият мекашад.
Яке аз сабабҳои нарасидани мутахассисони силшиносро масъулин дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бемории сил ба паст будани маош рабт доданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






