Дастаи «Сафо» соҳиби Ҷоми «Бобо Каримов» гардид
Хуҷанд, 13.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июл то 11 августи соли 2016 дар варзишгоҳи маҳаллаи «Раззоқ»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои маҳаллаҳо, корхонаву ташкилотҳо барои дарёфти Ҷоми «Бобо Каримов» баргузор гардид.
Тавре Шералӣ Ҷалолов, корманди масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, мусобиқа бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва Федератсияи футбол ташкил гардида, дар он 24 даста дар шаш гурӯҳ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дастаҳои «Шёлккомбинат» ва «Бобо Каримов» ҷойҳои 3-юм, дастаи «Агроинвестбонк» ҷои 2-юмро касб намуда, дастаи «Сафо» ғолиби мусобиқа ва соҳиби Ҷоми «Бобо Каримов» гардид.
«Бозингари беҳтарини мусобиқа Даврон Ҳакимбоев аз дастаи «Агроинвестбонк», ҳамлагари беҳтарин Илҳом Набиев аз дастаи «Сафо» дарвозабони беҳтарин Ҷамшед Файзиев аз дастаи «Сафо» ва
муҳофизатгари беҳтарин Дилшод Негматов аз дастаи «Агроинвестбонк» дониста шуда, бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд»,-илова намуд Шералӣ Ҷалолов.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






