Дастаи «Сафо» соҳиби Ҷоми «Бобо Каримов» гардид

Август 13, 2016 11:24

Хуҷанд, 13.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июл то 11 августи соли 2016 дар варзишгоҳи маҳаллаи «Раззоқ»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои маҳаллаҳо, корхонаву ташкилотҳо барои дарёфти Ҷоми «Бобо Каримов» баргузор гардид.
Тавре Шералӣ Ҷалолов, корманди масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, мусобиқа бо ибтикори  Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва Федератсияи футбол ташкил гардида, дар он 24 даста дар шаш гурӯҳ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дастаҳои «Шёлккомбинат» ва «Бобо Каримов» ҷойҳои 3-юм, дастаи «Агроинвестбонк» ҷои 2-юмро касб намуда, дастаи «Сафо» ғолиби мусобиқа ва соҳиби Ҷоми «Бобо Каримов»  гардид.
«Бозингари беҳтарини мусобиқа Даврон Ҳакимбоев аз дастаи «Агроинвестбонк», ҳамлагари беҳтарин Илҳом Набиев аз дастаи «Сафо» дарвозабони беҳтарин Ҷамшед Файзиев аз дастаи «Сафо» ва
муҳофизатгари беҳтарин Дилшод Негматов аз дастаи «Агроинвестбонк» дониста шуда, бо  ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд»,-илова намуд Шералӣ Ҷалолов.

Август 13, 2016 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад