«Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ»- конфронси илмию амалии байналмилалӣ
Душанбе, 24.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пагоҳ дар Душанбе дар мавзӯи «Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ» конфронси илмию амалии байналмилалӣ баргузор намояд.
Интизор меравад, ки иштирокдорони конфронс дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимою фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи чаҳоряк асри Истиқлолияти давлатӣ, роҳ ва воситаҳои нигаҳдошти якпорчагии кишвар, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сулҳу субот, ояндабинии пешомадҳои рушди кишвар ва дигар масъалаҳои меҳварии вобаста ба Истиқлолияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар конфронс намояндагони вазорату идораҳои кишвар, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва коршиносони варзида иштирок ва сухан хоҳанд кард.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






