«Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ»- конфронси илмию амалии байналмилалӣ

Август 24, 2016 16:40

Душанбе, 24.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пагоҳ дар Душанбе дар мавзӯи  «Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ» конфронси илмию амалии  байналмилалӣ баргузор намояд.
Интизор меравад, ки иштирокдорони конфронс  дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимою фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи чаҳоряк асри Истиқлолияти давлатӣ, роҳ ва воситаҳои нигаҳдошти якпорчагии кишвар, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сулҳу субот, ояндабинии пешомадҳои рушди кишвар ва дигар масъалаҳои меҳварии  вобаста  ба Истиқлолияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар конфронс намояндагони вазорату идораҳои кишвар, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва коршиносони варзида иштирок ва сухан хоҳанд кард.

Август 24, 2016 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид