Даъвати сармоягузорони бурунмарзӣ ба ҳамоиши байналмилалӣ

Август 29, 2016 16:00

Душанбе, 29.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябри соли равон мардуми Тоҷикистон аз дуюмин солгарди таҷлили «Рӯзи соҳибкор» дар кишвар истиқбол менамоянд. Дар доираи таҷлили дуюмин солгарди «Рӯзи соҳибкор» моҳи октябр дар Душанбе «Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе -2016» гузаронида мешавад.
Дар робита ба ин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили «Рӯзи соҳибкор» тарҳррезӣ гардид, ки он фарогири баргузории маъракаҳои гуногун дар миқёси кишвар аст.
Дар ҳошияи «Рӯзи соҳикбор» нимаи аввали моҳи октябр бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ ва олимони соҳа суҳбати «мизи мудаввар» ва семинарҳо гузаронида шуда, натиҷаҳои ислоҳот, таҷрибаи муваффақи соҳибкорӣ ва пайдо намудани роҳҳои рушди соҳибкориву сармоягузорӣ дар кишвар баррасӣ мегарданд.
Инчунин аз ҷониби вазорату идораҳои ҷумҳурӣ гузаронидани озмунҳо дар мавзӯъҳои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ташаккули соҳибкории истеҳсолӣ, хусусан маҳсулоти воридотивазкунанда дар заминаи технологияи муосир дар назар аст. Ҳамзамон бо мақсади таҷлили дуюмин солгарди «Рӯзи соҳибкор» дар кишвар, дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ намоишгоҳ-фурӯши маҳсулот ва хизматрасонии соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ созмон дода мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки ба «Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе -2016» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонони хориҷӣ, хусусан соҳибкорону сармоягузорони бурунмарзиро даъват намудааст, ки ҳадаф- саҳм гузоштан дар рушди иқтисодиёти миллии кишвар арзёбӣ мегардад.

Август 29, 2016 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад