Давлат Сафар: Ин роҳи дилу роҳи муроди Ватан аст

Август 24, 2016 10:41

Душанбе, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 августи соли 2016  дар маросими ботантана бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иншооти бузургу дорои аҳамияти стратегӣ- роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа-Кӯлоб ба истифода дода шуд. Рӯҳбаландӣ ва шодию нишоти мардуми кишварро шоир Давлат Сафар ин гуна ба риштаи назм кашидааст:

 

Ин роҳи дилу роҳи муроди Ватан аст,
Ин роҳкушоиҳо ба сад анҷуман аст.
Ин раҳ на зи оҳану зи тиллост, ба мо
Аз Раҳбари Пешвои армоншикан аст.

Роҳе, ки кушода гашт, бар ҳар тараф аст,
Ин роҳи саодат асту шаъну шараф аст.
Барҳам занад ин роҳ ҳама монеаҳо,
Осонгари мушкил асту роҳи ҳадаф аст.

Мо ҳам чу қатораҳои роҳи оҳан,
Ороста саф ҳамеша дар ҳифзи Ватан.
Шодем, ки ин сиёсати раҳсозӣ
Бо дил шуда ҳаммаром дар мулки сухан.

Ин раҳ, ки кушода гашт, раҳ сӯи бақост,
Ин роҳи муборак асту аз сулҳу сафост.
Эй ҳамватанон, раҳи дигар нест ба мо
Ҷуз ин раҳи паймуда, ки аз Сарвари мост.

29113952341_71e28d0521_z

Август 24, 2016 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад