Даври якуми озмуни «Ҳунарҳои мардумӣ», «Зардўзии беҳтарин» ва «Ҳунарҳои заргарии беҳтарин» дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид

Август 12, 2016 15:45

Душанбе, 12.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Даври якуми озмуни «Ҳунарҳои мардумӣ», «Зардўзии беҳтарин» ва  «Ҳунарҳои заргарии беҳтарин» дар сатҳи ноҳиявӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Озмун бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Тавре аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ин озмунҳо дар 3 давра- ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.
Баргузории даври дуюми озмун дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ 13 август ба нақша гирифта шуда,  дар шаҳри Душанбе дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон соати 17:00 мегузарад.
Барои иштироккунандагони озмунҳои ҷумҳуриявӣ донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, доштани яке аз ҳунарҳои мардумӣ, иштироки фаъолона дар намоишҳои сатҳи маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба анъанаҳои қадимаи халқи тоҷик, навҷўӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ зарур мебошад.
Даври ҷамъбастии озмунҳо дар аввали моҳи сентябри соли 2016 дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, ғолибон бо диплом ва мукофотҳо сарфароз хоҳанд гашт.

Август 12, 2016 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст