Даври якуми озмуни «Ҳунарҳои мардумӣ», «Зардўзии беҳтарин» ва «Ҳунарҳои заргарии беҳтарин» дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид
Душанбе, 12.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Даври якуми озмуни «Ҳунарҳои мардумӣ», «Зардўзии беҳтарин» ва «Ҳунарҳои заргарии беҳтарин» дар сатҳи ноҳиявӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Озмун бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Тавре аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин озмунҳо дар 3 давра- ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.
Баргузории даври дуюми озмун дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ 13 август ба нақша гирифта шуда, дар шаҳри Душанбе дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон соати 17:00 мегузарад.
Барои иштироккунандагони озмунҳои ҷумҳуриявӣ донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, доштани яке аз ҳунарҳои мардумӣ, иштироки фаъолона дар намоишҳои сатҳи маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба анъанаҳои қадимаи халқи тоҷик, навҷўӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ зарур мебошад.
Даври ҷамъбастии озмунҳо дар аввали моҳи сентябри соли 2016 дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, ғолибон бо диплом ва мукофотҳо сарфароз хоҳанд гашт.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






