Деваштич: таъмири пул-туҳфа ба ҷашни бузурги миллат
Деваштич, 27.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич сокинони бунёдгару ташаббускори ин диёри зебоманзар баҳри сарбаландона пешвоз гирифтани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиро беш аз пеш тақвият дода, аз тариқи ҳашари умумӣ ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорону шахсони саховатпеша иқдоми таъмиру сохтмони иншоотро идома медиҳанд.
Чунин як иқдоми наҷибу созанда- ин таъмири пуле мебошад, ки пайвандгари деҳаҳои Росровут, Метк ва Дашти Хушекат бо дигар деҳаҳо ва Ҷамоати деҳоти Росровут аст. Дар мавзеи пули таъмирёбанда корҳои васлу насбкунӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ бо ёрии техникаҳои ҳозиразамони сохтмонӣ дар авҷ буда, сокинони ин деҳаҳо бо эҳсоси баланди ватандӯстиву якдилӣ дастаҷамъона дар таъмири пул аз тариқи ҳашар иштирок доранд.
Тамоми ин иқдом ва ташаббусҳои сокинони Ҷамоати деҳоти Росровут нишон аз дастгирии сиёсати созанда ва дастуру нишондодҳои ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, туҳфаест бахшида ба ҷашни бузурги миллат.










Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






