Дилшод Назаров изҳор дошт, ки тамоми тоҷикистониён хоб накарда, ҳунарнамоии ӯро пайгирӣ менамуданд
Душанбе, 20.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро аз рӯйи гурзандозӣ Дилшод Назаров изҳор дошт, ки аз рӯйи «лайкҳо»-и шабакаҳои иҷтимоӣ тамоми тоҷикистониён ҳангоми баромади ӯ бедор будаанд. Дар ин бора «Р-Спорт» иттилоъ медиҳад.
Дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ, ки шоми 19 август бо вақти маҳаллӣ (субҳи 20 август бо вақти Душанбе) доир шуд, гурзандози тоҷик Дилшод Назаров бо нишондоди 78,68 метр медали тиллоро соҳиб шудамд. Ин аввалин медали дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ-2016 мебошад.
«Намегӯям, ки ин ғолибият осон ба даст омад. Мубориза ва рақобати хуб буд. Ман хурсандам, ки барои кишвари худ медали тиллоро соҳиб шудам. Қувва барои ба даст овардани натиҷаи хубтар буд, ман натиҷаи хубтарро интизор будам. Вале, муҳим он аст, ки медали тилло ҳаст, дигараш муҳим нест. Ман хеле хурсандам», — гуфт ба хабарнигорон Дилшод Назаров.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






