Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро дар давоми 20 сол беш аз 12 ҳазор нафар ҷавонон хатм намуданд

Август 30, 2016 09:44

Душанбе, 30.08.2016./АМИТ «Ховар»/. «Имрӯз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо технологияҳои муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он кадрҳои доираи васеи ихтисосҳо омода карда мешаванд. Дар донишгоҳ беш аз 170 нафар докторон ва номзадони илм рисолати касбии худро адо мекунанд. Дар давоми 20 сол донишгоҳро беш аз 12 ҳазор ҷавонон хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, фарҳанг, иҷтимоиёт, идоракунии давлат ва равобити берунӣ муваффақона фаъолият доранд»- зикр намуд имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи  бинои нави Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намуд, ки: «Ҷавонони Тоҷикистон ҳамасола барои таҳсил ба Русия фиристода мешаванд. Имрӯз дар макотиби олии Русия беш аз бист ҳазор шаҳрвандони мо, аз ҷумла 15 ҳазор дар асоси квота, таҳсил мекунанд.
Онҳо таҳсилоти олии асосӣ гирифта, дар якҷоягӣ бо хатмкунандагони донишгоҳҳои русизабони Тоҷикистон сафи таҷассумгарони арзишҳои олии маънавӣ ва ақлонии ҷаҳони русро дар кишвари мо зиёд мекунанд.
Дар давоми чанд соли охир дар Тоҷикистон дар баробари Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бахшҳои донишгоҳҳои Маскав — Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов,  «МИСиС» ва Донишкадаи энергетикии Маскав ба фаъолият оғоз карданд».

Август 30, 2016 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид