Эй зиҳӣ, Дилшод!..

Август 22, 2016 18:23

Душанбе, 22.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Ба даст овардани медали тилло ва унвони чемпионӣ аз ҷониби гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров воқеаи нодир дар арафаи ҷашни бузурги таърихии миллати тоҷик – 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид ва ба ҳар хонадони кишвари мо шодию сурур овард. Имрӯз дар суҳбати сари кӯча, гулгашту бозорҳо, маҷлису маҳофил дар ин бора ҳарф мезананд ва сокинони мамлакат якдигарро бо ин ғалабаи ҷаҳоншумул табрику муборакбод мегӯянд. Рассомон нақши Дилшод Назаровро мекашанд, сарояндагон дар васфаш тарона эҷод менамоянд, шоирон шеъру достон меофаранд.
Ба суроғаи «АМИТ Ховар» нахустин шеър бо номи «Эй зиҳӣ, Дилшод!..» дар васфи ғалабаи қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров ворид шуд, ба қалами рӯзноманигори маъруф ва шоири хушкаломи тоҷик Давлат Сафар тааллуқ дорад.

                                                           

Давлат Сафар

Давлат Сафар

Эй зиҳӣ, Дилшод…

Ба гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия медали тилло ба даст овард.

 

 

 

Гурзпартоӣ агар аз давраи бобоӣ аст,
Дар нишони худшиносӣ нашъаи лолоӣ аст.
Баъд аз ин, ки дастболо гашт Дилшоди Назар,
Нангу номи Тоҷикистон дар ҷаҳон тиллоӣ аст.

Обрӯ аз оби тиллоист дигар пурҷило,
Худшиносӣ гашт тиллоиву тилло шуд зи мо.
Рўи худ бо оби тилло шуст Дилшоди Назар,
Баъд аз ин хуршед мегирад зи рўи ў зиё

Гурзи Рустам бенишон буду ба дасти мо расид,
Субҳи тиллоии шуҳрат ба сари миллат дамид.
Эй зиҳӣ, Дилшод, аз нанги ватандории ту,
Парчами мо парфишон гардид дар рўзи саид.
дилшод назаров

Август 22, 2016 18:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар