Эмомалӣ Раҳмон: «Барои рушди маорифи пойтахт дар 25 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 1 миллиард сомонӣ равона гардидааст»
Душанбе, 30.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби нави таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Душанбе зикр намуд, ки: «Соли ҷорӣ аз буҷети давлат ба соҳаи маориф зиёда аз 3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 231 миллион ё 10 фоиз ва дар муқоиса ба даҳ соли пеш, яъне соли 2006 қариб 13 баробар зиёд мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар тӯли солҳои истиқлол дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ даҳҳо муассисаи нави таҳсилоти умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 45 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудаанд.
Тибқи таҳлилҳо дар давоми 25 сол барои рушди маорифи пойтахт ва фароҳам овардани шароити таълиму тарбия зиёда аз 1 миллиард сомонӣ равона гардидааст».
Президенти кишвар ҳамчунин иброз дошт, ки: « Чанде пеш ба ифтихори истиқболи ҷашни 25 — солагии истиқлолияти давлатӣ ду боғчаи бачагонаи хусусӣ барои 250 ҷой дар маҳаллаи Зарафшон ба истифода дода шуда, рӯзҳои наздик ду кӯдакистони хусусии дигар дар маҳаллаи мазкур барои 350 ҷой мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад».








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






