Эмомалӣ Раҳмон: «Мубодилаи афкор атрофи масъалаҳои вобаста ба пиёдасозии уҳдадориҳои мо дар соҳаи рушди устувор амри рӯз мебошад»

Август 9, 2016 09:53

Душанбе, 09.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кохи Сомон бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Департаменти СММ доир ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN-DESA) Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” ба кори худ шурӯъ намуд.

Дар кори Симпозиум наздики 1000 нафар меҳмонон аз 90 кишвари олам, 50  созмон ва ташкилоти байналмилали ва минтақавӣ, аз ҷумла 17 нафар намояндаи сохторҳои СММ иштирок доранд.

Кори Симпозиумро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, суханро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд намуд, ки мубодилаи афкор атрофи масъалаҳои вобаста ба пиёдасозии уҳдадориҳои мо дар соҳаи рушди устувор амри рӯз мебошад. Соли 2015 ҷиҳати таҳия ва тасдиқи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд соли хотирмон буд. Дар ин сол ҷомеаи байналмилалӣ як силсила санадҳои муҳимро, ки пояҳои асосии рӯзномаи ҷаҳонии рушдро ташкил медиҳанд, қабул кард. Барномаи сиғавии Сендай дар бораи коҳиши офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030, Барномаи амали Аддис-Абеба роҷеъ ба маблағгузории рушд дар давраи баъд аз соли 2015, Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030, Созишномаи Париж оид ба иқлим аз ҷумлаи онҳоянд. Ҳамаи ин санадҳо аз лиҳози ҳадафу вазифаҳои худ ба ҳам тавъам буда, масири рушди башариятро барои даҳсолаҳои минбаъда муайян месозанд. Аз ин нигоҳ, санадҳои болозикр  идомаи мантиқии  чунин барномаҳои  ҷаҳонӣ, аз қабили Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, Барномаи амали Ҳиого ва Протоколи Киото ба шумор рафта,  доираи вазифаву уҳдадориҳоеро, ки дар онҳо муқаррар шудаанд, бо иқдомҳои нави муштарак боз ҳам фарохтар мегардонанд.

Дар рафти Симпозиум масъалаҳои афзун намудани зарфияти ҳукуматҳои миллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар масъалаи мудирият аз болои истифодаи ҳамгироиёнаи захираҳои обӣ, табодули дониш ва таҷриба дар масоили беҳтар намудани дастрасӣ ба об, беҳдошт ва санитария, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, коҳиш додани ифлосшавии захираҳои обӣ, ҳифзи ҳавзҳои обӣ ва системаҳои беҳдоштии экологӣ, пешбурди ҳамкориҳо ва шарикии байналмиллалӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва бисёрсоҳа, пешбурди ташаббусҳои мушаххас ҷиҳати иҷрои  ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он баррасӣ хоҳанд шуд.

Ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ тайи ду рӯз идома ёфта, дар рафти он  ҷаласаи 4-уми мушовирони махсуси Панели сатҳи баланд оид ба масоили об ва дигар чорабиниҳо доир хоҳанд шуд.

Чорабинии мазкур ба чанд мавзӯи сессиявӣ, аз ҷумла  матраҳ намудани ташаббусҳои ҳамкорӣ, бахусус пешниҳод оид ба Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, дастрасии умумӣ ва баробар ба оби ошомидании беҳтар ва арзон, дастрасии умумӣ ва баробар ба василаҳои сазовори санитарӣ-беҳдоштӣ барои ҳама, баланд бардоштани сатҳи самарабахши истифодаи об, таъмини мудирияти кулли захираҳои обӣ, муҳофизат ва барқарорсозии экосистемаҳои обӣ, баланд бардоштани сифати об тавассути коҳиш додани  ифлосшавии муҳити зист, механизмҳои нави иноватсионӣ дар ҷодаи ҳамкориҳо дар доираи об барои рушди устувор  бахшида мешаванд.

Август 9, 2016 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад