Факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сомонаи худро роҳандозӣ кард
Душанбе, 31.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 25- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сомонаи худро роҳандозӣ намуд, ки суроғаи он чунин аст: www.zoa.dmt.tj .
Сомона аз бахшҳои «Гуфторҳои Пешвои миллат», «Садорат», «Кафедраҳо», «Шӯроҳо», «Махфилҳо», «Мақолаҳо», «25 соли Истиқлол» «Китобхона», «Устодони мо», «Донишҷӯ ва китоб», «Донишҷӯёни мумтоз», «Дастовардҳои факултет», «Суратхона», «Назарсанҷӣ» ва ғайраҳо иборат аст.
Дар сомона бахши алоҳидае бо номи «Гуфторҳои Пешвои миллат» фаъол аст, ки дар он вобаста ба мавзӯъҳои гуногун итибосҳо аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оварда мешаванд.
Дар сомонаи факултет хонандагон метавонанд аз хабарҳои маҳфилҳо ва таҷлили ҷашнҳои давлатӣ дар доираи факултет, маълумот аз таърих ва фаъолияти имрӯзаи факултет ва ҳайати кормандони он, нашри мақола ва китобҳои устодону донишҷӯён огаҳӣ пайдо кунанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






