Фаъолияти «Мактаби омӯзишии ҷавонони фаъол» дар лагери «Шоҳин»
Душанбе, 15.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва клуби футболи «Истиқлол» бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои мубодилаи малака ва ташаккули тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон лагери ҷумҳуриявии «Мактаби омӯзишии ҷавонони фаъол»-ро таъсис дод, ки 14 августи соли равон иштирокдорони он ба лагери «Шоҳин»-и шаҳри Гулистони вилояти Суғд сафарбар гардиданд.
Зимни сафар дар роҳ иштирокдорони лагерро сараввал ҷавонони шаҳри бостонии Истаравшан бо шукӯҳу шаҳомати хосса пешвоз гирифта, аҳли фарҳанги шаҳр намоиши театриро пешкаши меҳмонон гардониданд.
Дар лагери «Шоҳин» амалиёти экологӣ таҳти шиори «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем» баргузор гардид, ки муҳтавояш аз ҳифзи табиати зебову нотакрори Тоҷикистони азиз иборат буд.
Хотиррасон менамоем, ки фаъолияти лагери мазкур то 18 августи соли равон идома меёбад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






