Фардо дар Душанбе Симпозиуми байналмилалии «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» ба кори худ шуруъ мекунад

Август 8, 2016 11:13

Душанбе, 08.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 9-11 августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Департаменти СММ доир ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN-DESA) Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” баргузор мегардад.

Симпозиум намояндагони ҳукуматҳо ва роҳбароне, ки дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ метавонанд қарор қабул кунанд, коршиносон аз ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, намояндагони доираҳои академӣ, илмӣ ва соҳибкорӣ, ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандиро ҷамъ хоҳад кард.

Дар маҷмӯъ, дар ин Симпозиум зиёда аз 500 нафар меҳмонон аз 90 кишвари олам, 47 ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СҲШ, ИДМ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва дигарон  иштирок хоҳанд кард.

Дар Симпозиум ҳамчунин ноиби Дабири кулли СММ ҷаноби Гян Чандра Ачаря ва намояндагони боз 17 сохторҳои дигари СММ иштирок хоҳанд дошт.

Дар рафти Симпозиум масъалаҳои зерин баррасӣ хоҳанд шуд:

-афзун намудани зарфияти ҳукуматҳои миллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар масъалаи мудирият аз болои истифодаи ҳамгироиёнаи захираҳои обӣ;

-табодули дониш ва таҷриба дар масоили беҳтар намудани дастрасӣ ба об, беҳдошт ва санитария;

-баланд бардоштани самаранокии истифодаи об;

-коҳиш додани ифлосшавии захираҳои обӣ;

-ҳифзи ҳавзҳои обӣ ва системаҳои беҳдоштии экологӣ;

-пешбурди ҳамкориҳо ва шарикии байналмиллалӣ;

-рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва бисёрсоҳа;

-пешбурди ташаббусҳои мушаххас ҷиҳати иҷрои  ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он.

Симпозиум барои баррасии масъалаҳои дарёфти роҳҳои иҷрои ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он, ҳамчунин дар доираи даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори “Об барои рушди устувор”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст, замина фароҳам хоҳад овард.

Бо таваҷҷуҳ ба баҳсҳои ба наздикӣ ба вуқӯъ пайваста, дар зерматни Панели сатҳи баланд доир ба об, ки бо ибтикори  Дабири Кулли СММ ва Президенти Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки ҳамраисон, Президенти Мавритания ва Президенти Мексика даъват карда шудааст, Симпозиум дар назди худ ҳадафгузорӣ намудааст, то заминаеро барои муҳокимаи ҳамаҷониба ва мутавозини чораҳои сиёсӣ, амалҳо ва роҳҳои иҷрои онро бо мақсади дарёфти фаврии Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он  фароҳам  оварад.

Симпозиум арзёбии таҷрибаи ба даст омадаи кишварҳоро дар солҳои ахир дар соҳаи пешбурди мудирияти мутамаркази захираҳои об бо истифода аз табодули иттилоот оид ба сабақҳои гирифташуда ва таҷрибаи мусбат дар соҳаи беҳбудии дастрасӣ ба об,  беҳдошт, такмили манфиатнокии истифодаи об, коҳиш додани ифлосшавии захираҳои об, ҳимояи ҳавзаҳои об ва экосистема ва пешбурди ҳамкории байналмилалӣ ба анҷом мерасонад.

Иштирокчиён ҳамчунин, монеаҳоеро, ки онҳо дучор гаштанд муайян ва мавриди муҳокима қарор дода ва имкониятҳои ҳамкории минтақавию ҳамаҷониба ва шарикиро баррасӣ менамоянд.

Рӯзномаи мавриди назарро дар соҳаи рушди устувор то соли 2030 қабул намуда, давлатҳои аъзои СММ аҳамияти ҳаётан муҳими об ва беҳдоштро таъкид намуданд. Дар шумори ҳадафҳои рушди устувор онҳо ба таври алоҳида ҳадаф барои об- “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт”-ро ҳамчун қисмати бунёдии рушди устувор шомил сохтанд.

Воқеан, дастрасӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устувор дар доираи расидан ба ҳамаи ҳадафҳои Рӯзнома то соли 2030 хеле муҳим аст. Аз ҷониби кулли ҷаҳон эътироф гардида аст, ки об — ин ҳаёт аст ва он аз ҷумла, барои аз байн бурдани қашшоқӣ, дастрасӣ барои баробарии гендерӣ, амнияти озуқаворӣ ва устувории соҳаи кишоварзӣ, тандурустӣ, беҳдошт, рушди устувори саноат, истеъмоли устувор ва истеҳсолот, туризм ва афзоиши устувори аҳолӣ зарур аст.

Барои расидан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои ҳадафмандонаи он муносибати мутамарказ, ки робитаро миёни ҳадафҳои рушди устувор доир ба об ва дигар Ҳадафҳои Рушди Устувор ба назар мегирад, лозим аст.

Дар рафти Симпозиум  ҷаласаи 4-уми мушовирони махсуси Панели сатҳи баланд оид ба масоили об ва дигар чорабиниҳо доир хоҳанд шуд.

Чорабинии мазкур ба чанд мавзӯи сессиявӣ бахшида мешавад:

МС 1. Матраҳ намудани ташаббусҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла пешниҳод оид ба Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор

МС 2.  Дастрасии умумӣ ва баробар ба оби ошомидании беҳтар ва арзон

МС 3. Дастрасии умумӣ ва баробар ба василаҳои сазовори санитарӣ-беҳдоштӣ барои ҳама

МС 4.  Баланд бардоштани сатҳи самарабахши истифодаи об

МС 5.  Таъмини мудирияти кулли захираҳои обӣ

МС 6.   Муҳофизат ва барқарорсозии экосистемаҳои обӣ

МС 7. Баланд бардоштани сифати об тавассути коҳиш додани  ифлосшавии муҳити зист

МС 8. Механизмҳои нави иноватсионӣ дар ҷодаи ҳамкориҳо дар доираи об барои рушди устувор

Маълумоти бештарро дар бораи Симпозиум бо забонҳои русӣ ва англисӣ аз сомонаи http://watersdg2016.org  ва Котиботи Симпозиум метавон дарёфт намуд.

Август 8, 2016 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоб оид ба сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм машварат доир шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст