Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардидааст
Душанбе, 01.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ аз ҷониби мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Ҳадаф аз таҳияи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ эҳёи арзишҳои маънавӣ, сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ, инчунин номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад»,- иброз намуд Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ аз ду қисмат иборат буда, бо рақамгузорӣ пайгирӣ мешавад. Дар қисмати аввали он номҳои духтарона ва дар қисмати дуввум номҳои писарона оварда шудаанд. Инчунин бо мақсади дуруст навиштани номҳои миллӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ тарзи навишти номҳои духтаронаю писарона бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода, ба феҳрист замима шудааст. Фарҳанги номҳои миллӣ низ дар ду ҷилд ба табъ хоҳад расид.
Гавҳар Шарофзода афзуд, ки танзими номгузории шаҳрвандон дар заминаи меъёрҳои таърихии номгузории тоҷикӣ ба фарзандон, ки яке аз арзишҳои маънавии миллии мо маҳсуб ёфта, аз гузаштаи дури таърихи забонамон сарчашма мегирад ва ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






