Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардидааст

Август 1, 2016 13:35

Душанбе, 01.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.  «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ аз ҷониби  мутахассисони  Кумитаи забон  ва истилоҳоти назди  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  таҳия гардида,   ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Ҳадаф аз таҳияи Феҳристи номҳои миллии  тоҷикӣ эҳёи арзишҳои  маънавӣ, сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги  миллӣ  тавассути  забони миллӣ, инчунин номгузории  суннатии тоҷикӣ мебошад»,- иброз намуд Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Феҳристи  номҳои миллии тоҷикӣ  аз ду қисмат иборат буда,  бо рақамгузорӣ пайгирӣ мешавад. Дар қисмати аввали он номҳои  духтарона ва дар қисмати дуввум номҳои писарона  оварда шудаанд. Инчунин бо мақсади  дуруст навиштани  номҳои миллӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ  тарзи навишти номҳои духтаронаю писарона бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода, ба феҳрист замима шудааст. Фарҳанги  номҳои миллӣ  низ дар ду ҷилд  ба табъ хоҳад  расид.
Гавҳар Шарофзода  афзуд, ки танзими  номгузории шаҳрвандон  дар заминаи меъёрҳои  таърихии номгузории   тоҷикӣ ба фарзандон, ки яке аз арзишҳои   маънавии миллии мо  маҳсуб ёфта,  аз гузаштаи дури  таърихи забонамон сарчашма мегирад ва ҳамеша мавриди  таваҷҷуҳи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  дорад.

Август 1, 2016 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад