Форуми ҷавонони вилояти Хатлон «Ҷавонон ва Истиқлолият» ба анҷом расид
Душанбе, 03.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон ва Истиқлолият» дар ноҳияи Ховалинг форуми ҷавонони вилояти Хатлон баргузор гардид.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, дар форум як гурӯҳ ҷавонон аз вилояти Суғд, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ширкат намуданд.
Иштирокдорон дар рафти он, аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии ноҳия, аз ҷумла Боғ-осорхонаи таърихии «Шӯриши Восеъ», Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳия, зиёратгоҳҳои Хоҷа Аюби Ансорӣ ва ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ дидан намуда, аз гузаштаву имрӯзаи ноҳия маълумот пайдо намуданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар рӯзи ҷамъбасти форум дар Боғ-осорхонаи «Шӯриши Восеъ» раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо иштирокчиёни форум вохӯрӣ баргузор карда, ҷавононро ба ватандӯстию худшиносӣ, ҳушёрию зиракӣ ва меҳнатдӯстию бунёдкорӣ даъват намуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






