Форуми ҷавонони вилояти Хатлон «Ҷавонон ва Истиқлолият» ба анҷом расид

Август 3, 2016 15:52

Душанбе, 03.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон ва Истиқлолият» дар ноҳияи  Ховалинг форуми ҷавонони вилояти Хатлон баргузор гардид.
Тавре аз шуъбаи  иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси  вилояти Хатлон хабар доданд,  дар форум  як гурӯҳ ҷавонон аз вилояти Суғд, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва  шаҳру ноҳияҳои тобеи   марказ ширкат намуданд.
Иштирокдорон дар рафти он, аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии ноҳия, аз ҷумла Боғ-осорхонаи таърихии «Шӯриши Восеъ», Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳия,   зиёратгоҳҳои Хоҷа Аюби Ансорӣ ва  ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ дидан намуда, аз гузаштаву имрӯзаи ноҳия маълумот пайдо намуданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар рӯзи ҷамъбасти форум дар Боғ-осорхонаи «Шӯриши Восеъ»  раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо иштирокчиёни форум вохӯрӣ баргузор карда, ҷавононро ба ватандӯстию худшиносӣ, ҳушёрию зиракӣ ва меҳнатдӯстию бунёдкорӣ даъват намуд.

Август 3, 2016 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд